Октябр 21, 2017 22:16 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 15 нафар дар ҳамлаи террористӣ дар Кобул

Бар асари ҳамлаи террористии муқобили донишкадаи низомӣ дар ғарби шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон 15 донишҷӯи низомӣ кушта шуданд.

Давлат Вазирӣ, сухангуи Вазорати дифои Афғонистон эълом кард: Минибуси ҳомили ин донишҷӯён, ҳангоми хуруҷ аз донишкада дар ғарби шаҳри Кобул ҳадафи ҳамлаи як муҳоҷим қарор гирифт .

Ин муҳоҷим ба ин минибус наздик шуд ва маводи мунфаҷираи худро дар миёни низомиёни ҷавон мунфаҷир кард, ки бар асари он 15 нафар аз донишҷӯён кушта ва чаҳор нафари дигар захмӣ шуданд. Токунун гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро ба уҳда нагирифтааст.

Ин сеюмин инфиҷор дар 24 соати гузашта дар Афғонистон маҳсуб мешавад.

Бар асари инфиҷори асри дирӯз дар масҷиди шиаёни имоми Замони (аҷ) шаҳри Кобул, дастикам 56 намозгузор шаҳид ва ҳудуди сад нафари дигар низ захмӣ шуданд .

Ҳамчунин масҷиди ҷомеи шаҳристони Долинаи устони Ғӯри Афғонистон, бар асари инфиҷори шадид ларзид ва дастикам 33 намозгузор ба шаҳодат расиданд ва шумори дигаре низ захмӣ шуданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ, масъулияти ин ҳамалоти террористиро бар уҳда гирифтааст .

 

Барчасп