Октябр 22, 2017 18:43 Asia/Dushanbe
  • Трамп, Твиттерро омили пирӯзиаш дар интихобот хонд

Раисҷумҳури Амрико шабакаи иҷтимоии Твиттерро омили пирӯзиаш дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ донист.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Fox News, бо ишора ба аҳаммияти сафаҳоти худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Твиттеру Фейсбук, фаъолияташ дар шабакаи иҷтимоии Твиттерро калиди пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва роҳёбӣ ба Кохи Сафед унвон кард .

Раисҷумҳури Амрико тасреҳ кард, бо твит кардан, метавонад пушиши ноодилонаи расонаиро давр бизанад.

Трамп ҳамчунин сафаҳоташро дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Твиттер ва Инстаграм, ҷойгоҳе фавқулода барои иртибот бо мардум ва огоҳ шудан аз назароти онҳо унвон кард .

Раисҷумҳури Амрико, ки ҳечгоҳ бо расонаҳо сари созгорӣ надошта, аз ҳамон ибтидо ба истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои иртиботи мустақим бо мухотабонаш рӯй оварда ва ҳамвора гузоришҳову ахбори расонаҳоро аз пушти пардаи вақоеи Кохи Сафед, ҷаълӣ хондааст .

Доманаи ихтилофоти Трамп бо расонаҳо ба ҷое расидааст, ки ӯ имсол аз ҳузур дар зиёфати шом бо хабарнигорон, ки ҳар сола ба мизбонии Кохи Сафед баргузор мешавад, худдорӣ кард .

 

Барчасп