Дархости расидагӣ ба озори ҷинсӣ домангири парлумони Аврупо
(last modified Wed, 25 Oct 2017 10:16:19 GMT )
Октябр 25, 2017 15:16 Asia/Dushanbe
  •  Дархости расидагӣ ба озори ҷинсӣ домангири парлумони Аврупо

Гурӯҳе аз намояндагони парлумони Аврупо хостори ташкили кумитаи вижаи расидагӣ ба расвоии озори ҷинсии занон дар ин парлумон шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Исна, панҷ намояндаи парлумони Аврупо дар ин нома хостанд, таҳқиқоти густурдае дар бораи вуқӯи мавориди зиёди озори ҷинсии занон дар ин парлумон сурат гирад.

 Ин иқдом дар пайи интишори гузорише дар нашрияи “Таймс” анҷом шудааст ва намояндагони имзокунандаи нома ҳадафи худро кумак ба қурбониён ва тазмини иҷрои адолат дар бораи омилони ин расвоӣ донистанд.

Онон ҳамчунин номҳои муттаҳамонро маҳрамона нигоҳ доштаанд, аммо “Таймс” аз Ив Коше, собиқ вазири муҳити зисти Фаронса ва узви Ҳизб Сабзи ин кишвар ном бурдааст.

Расонаҳо баъд аз ифшои сӯиистифодаи бархе намояндагони марди парлумони Аврупо аз ҳудуди 12 дастёри зани худ, ин парлумонро “Конуни озори ҷинсӣ” тавсиф кардаанд.

 Антонио Таяни, раиси парлумони Аврупо гуфтааст, аз ин хабар шок ва  хашмгин шудааст ва ба мавзӯъ фавран расидагӣ мекунад.

Ба гуфтаи Таяни, парлумони Аврупо қарор аст рӯзи чаҳоршанбе дар бораи расвоии ҷинсии домангири ин парлумон ҷаласаи вижа ташкил диҳад.