Амиқтар шудани шикофи миён Трамп ва ҷумҳурихоҳон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24926-Амиқтар_шудани_шикофи_миён_Трамп_ва_ҷумҳурихоҳон
Пойгоҳи интернетии Садои Амрико аз амиқтар шудани шикоф дар Ҳизби ҷумҳурихоҳи ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 25, 2017 16:36 Asia/Dushanbe
  • Амиқтар шудани шикофи миён Трамп ва ҷумҳурихоҳон

Пойгоҳи интернетии Садои Амрико аз амиқтар шудани шикоф дар Ҳизби ҷумҳурихоҳи ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз пойгоҳи интернетии Садои Амрико, Кохи Сафед ва раҳбари аксарияти ҷумҳурихоҳон дар Сенати Амрико талош мекунанд, танишҳову ихтилофҳо миёни аъзои Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва Доналд Трамп, раисҷумҳурро камаҳаммият нишон диҳанд.

Ин гузориш ҳокист, ҷадидтарин шикоф миёни ҷумҳурихоҳон ва Трамп замоне мушоҳида шуд, ки Ҷеффри Флик, намояндаи Аризона дар саҳни Сенат аз Трамп интиқод карду гуфт, дар интихоботи соли оянда ширкат намекунад .

Флик гуфт, дар ҳоле, ки арзишҳои амрикоӣ рӯз ба рӯз тазъиф ва тавофуқҳои ҷаҳонӣ ба таври мудовим таҳдид мешаванд, сукут, иштибоҳе бузург ва муҷиби гумроҳӣ аст .

Ба навиштаи пойгоҳи интернетии Садои Амрико, ин интиқоди ғайримаъмулии як сенатори ҳамҳизбии раисҷумҳур дар ҳоле тарҳ шуд, ки чанд соат қабл аз он, Трамп дар саҳифаи твиттерии худ бо Боб Коркер, дигари сенатори ҷумҳурихоҳ аз иёлоти Теннессии муҷодилае тунд дошт .

Коркер низ, ки ҳудуди як даҳа намояндаи Сенати Амрико буда, гуфтааст тасмим дорад, дар интихоботи ояндаии Сенат ширкат накунад .