Октябр 26, 2017 22:04 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Маскав аз бозгашти террористҳо ба Русия

Сухангуи Кохи Кремлин бозгашти террористҳои ДИИШ-ро ба Русия таҳдиде алайҳи Маскав донист.

Ба нақл аз шабакаи телевизионии Алмаёдин, Дмитрий Песков гуфт, бозгашти касоне,  ки дар канори ДИИШ меҷангиданд, барои Русия таҳдид ба шумор меравад ва ин масъала муҳимтарин авлавияти дастгоҳҳои амниятии ин кишвар аст .

Маркази таҳқиқотии Soufan эълом кард, панҷ ҳазору 600 тан аз шаҳрвандони 33 кишвар, ки токунун дар суфуфи гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқу Сурия ҷангида буданд, акнун ба кишварҳои худ бозгаштаанд.

Ин андешкада, ки дар масоили амниятӣ ва мубориза бо терроризм тахассус дорад, дар гузориши худ овардааст, се ҳазор тан аз панҷ ҳазор нафаре, ки аз Иттиҳоди Аврупо барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Ироқу Сурия рафта буданд, акнун ба Аврупо бозгаштаанд .

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ пеш аз ин эълом карда буд, 10 дарсад аз 9 ҳазор нафаре, ки аз Русияву ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Ироқу Сурия рафта буданд, акнун бакишварҳояшон бозгаштаанд .

Тибқи эъломи маркази таҳқиқотии Soufan, бештарин афроде, ки аз Ироқу Сурия ба кишварҳояшон бозгаштаанд, ба тартиб марбут ба Русия 3417 нафар, Арабистони Саудӣ 3244 нафар, Урдун 3000 нафар, Тунис 2962 нафар ва Фаронса 1910 нафар ҳастанд.

 

Барчасп