Октябр 27, 2017 18:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия ба Амрико дар бораи Сурия

Намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид ба Амрико дар бораи ҳар гуна изҳори назари марбут ба ояндаи раисҷумҳури Сурия ва хонаводааш ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Василий Небензя, намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид пас аз поёни нишасти Шӯрои амният дар бораи Сурия гуфт: «Набояд дар бораи ояндаи касе изҳори назар ва пешбинӣ кард, зеро гузашти замон ояндаи афродро беҳтар нишон медиҳад».

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико дар тозатарин изҳороташ бо таъкиди дубора бар дидгоҳҳои Ҳукумати Амрико дар бораи ояндаи Сурия гуфт: «Вашингтон Сурияи воҳиди бидуни ҳузуру нақши Башор Асад дар ҳукумати ояндаи ин кишварро хостор аст». Франсуа Делатр, намояндаи Фаронса дар Созмони Милали Муттаҳид, ки раёсати Шӯрои амниятро бар уҳда дорад, бо худдорӣ аз ҳар гуна изҳори назар дар бораи изҳороти вазири умури хориҷии Амрико гуфт, аъзои Шӯрои амният ваҳдати худро дар бораи мавзӯи Сурия нишон додаанд.

Амрико дар ҳафт соли гузашта бо тақсими гурӯҳҳои террористӣ ба "хуб"-у "бад" ва ҳимоят аз террористҳое, ки Вашингтон онҳоро бар асоси милокҳо ва манофеи худ, хуб медонад, дар густариши буҳрону хушунат дар Сурия нақши муҳиме ифо кардааст.

 

Барчасп