Октябр 29, 2017 12:46 Asia/Dushanbe
  • Размоиши хомӯшӣ ва тахлияи ҷамъият дар Кореяи Шимолӣ

Кореяи Шимолӣ размоиши густурдаи хомӯшӣ ва тахлияи ҷамъиятро дар шаҳрҳои хурд баргузор кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, манобеи маҳаллӣ гуфтанд, ин тамринот, ки дар Кореяи Шимолӣ бисёр нодир аст, фақат маҳдуд ба маконҳои хориҷ аз пойтахт, махсусан соҳили шарқии ин кишвар будааст.

Ин размоишҳо дар пайи афзоиши ҷидоли лафзии Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико бо Кореяи Шимолӣ ва ҳушдори таҳлилгарон нисбат ба эҳтимоли вуқӯи ҷанг сурат гирифтааст.