Октябр 29, 2017 14:55 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 17 полиси афғон ба дасти Толибон

Гурӯҳи Толибон 17 полиси Афғонистонро дар устони Қундуз дар шимоли Афғонистон кушт.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, Ҳаётуллоҳ Амирӣ фармондори шаҳристони Хонободи устони Қундуз бо таъйиди ин хабар гуфт: Аъзои гурӯҳи Толибон бо ҳамла ба постгоҳи полис дар ин шаҳристон, неруҳои мустақар дар ин постгоҳро тирборон карданд, ки илова бар куштаҳо, чанд неруи полис низ маҷрӯҳ шуданд.

Пештар низ таркиши худрави бомбагузоришуда аз сӯи Толибон дар исти бозрасии минтақаи Чаҳордараи устони Қундуз дар шимоли Афғонистон кушта шудани 3 неруи полис ва маҷрӯҳ шудани шуморе аз ононро ба ҳамроҳ дошт.

 

 

Барчасп