Октябр 29, 2017 21:51 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷор дар пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар шарқи Афғонистон

Пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар фурӯдгоҳи Ҷалол‌обод, маркази вилояти Нангарҳори шарқи Афғонистон бар асари инфиҷори қавӣ ларзид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, низомиёни амрикоии мустақар дар фурӯдгоҳи Ҷалол‌обод шаби гузашта ҳадафи инфиҷори қавӣ қарор гирифтанд, ки дар натиҷа теъдоде кушта ва захмӣ шудаанд, аммо омори талафоти дақиқи ин инфиҷор ҳануз мушаххас нашудааст .

Толибони Афғонистон масъулияти ин инфиҷорро ба уҳда гирифтааст .

Ҷузъиёти бештари ин хабар мунташир нашудааст .

Токунун даҳҳо пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар манотиқи мухталифи Афғонистон бахусус пойгоҳи Багром дар шаст километрии Кобул, ҳадафи инфиҷор қарор гирифта ва садҳо нафар аз анҳо низ кушта ва захмӣ шудаанд .

 

Барчасп