Октябр 31, 2017 13:41 Asia/Dushanbe
  • Шарти Толибон барои озодии ду асири амрикоӣ

Толибон барои озодии ду тан аз асирони амрикоӣ шарт таъин кард.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангуи Толибон дар гуфтугӯ бо радиои паштуи садо ва симои Эрон афзуд: То замоне, ки Амрико хостаҳои ин гурӯҳро бароварда накунад, ин ду зиндонии амрикоӣ озод нахоҳанд шуд .

Озодии бархе аз зиндониёни Толибон аз зиндонҳои Амрикову Афғонистон аз ҷумлаи шартҳои Толибон барои озодии ин ду табааи амрикоӣ эълом шудааст .

Сухангуи Толибон афзуд: Яке аз ин ду зиндонии амрикоӣ, ки Кевин Кинг ном дорад, ба шиддат бемор аст ва имкони дармони ӯ низ барои Толибон вуҷуд надорад.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид таъкид кард, агар Амрико шароити Толибонро напазирад ва Кевин Кинг бар асари шиддати беморӣ фавтад, Вашингтон масъули он хоҳад буд .

Ин ду шаҳрванди амрикоӣ соли гузашта дар Донишгоҳи амрикоии Кобул тадрис мекарданд, ки Толибон онҳоро рабуд .

 

Барчасп