Ноябр 03, 2017 21:46 Asia/Dushanbe
  • Таълиқи як мақоми бритониёии дигар дар идомаи расвоиҳои ахлоқӣ

Намояндаи Ҳизби коргари Бритониё дар пайи иттиҳомоти ҷинсӣ ва масоили хилофи ахлоқӣ аз ин ҳизб муаллақ шуд.

Келвин Ҳопкинс, намояндаи Ҳизби коргари Бритониё аз соли 1997 аз шаҳри Лутон ба унвони намоянда дар Маҷлиси авом буд ва дар пайи шикояти корманди 27-солаи парлумони Бритониё муаллақ шудааст.

Келвин Ҳопкинси 76-сола моҳи июни соли 2016 ба унвони вазири фарҳанг баргузида шуд, аммо моҳи пеш аз мансаб канор рафт.

Ҳамзмон бо густариши иттиҳомоти фасоди ахлоқии намояндагони парлумони Бритониё Майкл Фаллон, вазири дифои ин кишвар ҳам ба фасоди ахлоқии худ эътироф кард. Бархе гузоришҳои мунташиршуда ҳокист, ки Майкл Фаллон дар пайи фишору интиқодҳои густурдаи афкори умум ва расонаҳои ин кишвар ба далели интишори гузоришҳое мабнӣ бар рафтори ғайрахлоқияш истеъфо додааст.

Фасоди ахлоқию ҷинсӣ дар байни мақомоти Бритониё ба яке аз мушкилоти бузурги пеши рӯйи ин кишвар табдил шуда, то ҷое ки Тереза Мэй, нахуствазири Бритониё ошкоро ҳушдор додааст, ки муҳити кор барои занон дар ин кишвар амн нест.

 

Барчасп