Ноябр 04, 2017 15:37 Asia/Dushanbe
  • Оғози

Раиси ҷумҳурии Амрико қарор аст дар баландтарин сафаре, ки яке аз руасои ҷумҳурии Амрико дар 25 соли гузашта ба Осиё доштааст, бо тамаркуз бар буҳрони Кореяи Шимолӣ аз Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Ветнам ва Флиппин боздид кунад.

Ба гузориши Би Би Си, Доналд Трамп иёлати Гаваиро ба унвони нуқтаи оғози сафари 12 - рӯзаи худ ба панҷ кишвари осиёӣ интихоб кардааст.

Жести сиёсии Трамп дар ин сафар, ба рух кашидани иттиҳоди Амрико бо Ҷопону Кореяи Ҷанубӣ аст, ҳол он ки Чинро ҳам ба эъмоли ҳаддиаксарии фишор бар Кореяи Шимолӣ тарғиб хоҳад кард.

Дар идома, вай барои ҳузур дар нишасти ҳамкориҳои иқтисодии Осиё –Уқёнуси Ором, озими Ветнам хоҳад буд ва ниҳоят он ки ин сафари тӯлониро рӯзи 14 –уми ноябр ( 23 –юми обон) ва баъд аз ҳузур дар нишасте, ки дар Флиппин баргузор мешавад, хотима хоҳад дод.

Аммо нуқтаи авҷи ин сафар дидори эҳтимолии вай бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар ҳошияи нишасти Ветнам хоҳад буд.

Ин дар шароите аст, ки ҷанги дохилӣ миёни ҷумҳурихоҳону демократҳои амрикоӣ сари парвандаи иттиҳоми Русия ба дахолат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2016-и Амрико ба авҷи худ расидааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл пештар аз эҳтимоли дидори Путину Трамп дар ҷараёни баргузории иҷлоси Осиё –Уқёнуси Ором, ки қарор аст рӯзҳои 10 ва 11-уми ноябр ( 19 а 20-уми обон) дар Ветнам баргузор шавад, хабар додааст.