Ноябр 05, 2017 18:55 Asia/Dushanbe
  • 77 нафар кушта ва захмӣ дар тирандозии иёлотҳои мухталифи Амрико

Дар 68 мавриди тирандозии гузоришшуда дар 24 соати гузаштаи иёлотҳои мухталифи Амрико 77 нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Ба гузориши Маркази сабти омори хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико, тирандозӣ дар иёлотҳои Техас, Иллинойс, Вирҷиния, Огайо ва Калифорния 21 кушта ва 56 захмӣ бар ҷой гузошт .

Бар асоси ин гузориш, сездаҳ маврид аз тирандозиҳои 24 соати гузаштаи иёлотҳои мухталифи Амрико кушта ё захмӣ надоштааст.

Бино бар эъломи Маркази сабти хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико, саду ҳаштоду се маврид тирандозӣ таи чиҳилу ҳашт соати гузашта дар шаҳрҳову иёлотҳои мухталифи Амрико гузориш шудааст, ки дар натиҷаи онҳо панҷоҳу панҷ нафар кушта ва саду бисту чаҳор нафар захмӣ шуданд .

Амрико дорои бештарин теъдоди силоҳи сабук нисбат ба ҷамъияти ин кишвар аст ба гунае, ки дар баробари ҳар 100 нафари ҷамъияти Амрико 90 қабза туфангу силоҳи камарӣ вуҷуд дорад.

Ба далели нуфузи лобии ҳомии ҳамли аслиҳа дар Конгресси Амрико, давлат ва ду ҳизби аслии ин кишвар иқдоме барои маҳдуд кардани дастрасӣ ба силоҳҳои гарм анҷом намедиҳанд.