Ноябр 07, 2017 21:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Трамп ба Кореяи Шимолӣ

Раисҷумҳури Амрико дар сафар ба Кореяи Ҷанубӣ ба мақомоти Кореяи Шимолӣ ҳушдор дод, Амрико омодаи истифода аз тамоми маҷмӯаи қудрати низомии ин кишвар дар сурати лузум барои дифоъ аз худу ҳампаймононаш дар минтақаи шибҳиҷазираи Корея аст.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз", Доналд Трамп имрӯз дар конфронси хабарии муштарак бо Мун Ҷэин, раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ ҳамчунин гуфт, Кореяи Шимолӣ таҳдиде дар сатҳи ҷаҳонӣ аст, ки ниёзманди як иқдоми ҷаҳонӣ барои бархӯрд бо мақомоти ин кишвар аст. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, бояд ҷилави диктатураи мақомоти Кореяи Шимолиро гирифт. Мун Ҷэин, раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ низ дар ин конфронси хабарӣ ибрози умедворӣ кард, сафари Трамп ба минтақа нуқтаи атфе дар ҳалли масъалаи буҳрони ҳастаии Кореяи Шимолӣ бошад ва нигаронии мардуми минтақа бартараф шавад.

Трамп дар нахустин рӯзи сафари дурӯзаи худ ба шаҳри Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ бо як чархбол ҳамроҳи Мун Ҷэин, раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ ба пойгоҳи "Ҳамфриз" (Humphries), бузургтарин пойгоҳи низомии Амрико дар Кореяи Ҷанубӣ рафт. Ӯ дар ин пойгоҳи низомӣ бо нерӯҳои Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ дидору гуфтугӯ кард. Пойгоҳи "Ҳамфриз", ки Трамп аз он ҷо боздид кард, дар фосилаи садкилометрии марз бо Кореяи Шимолӣ қарор дорад.