Ноябр 13, 2017 14:12 Asia/Dushanbe
  • Маҷлиси Афғонистон: Ҳикматёр барои ҷангафрӯзӣ талош мекунад

Бархе аз намояндагони Маҷлиси Афғонистон эълом карданд, Гулбиддин Ҳикматёр бо доман задан ба ихтилофоти қавмӣ ва мазҳабӣ талош мекунад, то Афғонистонро ба даврони ҷангҳои дохилӣ бозгардонад.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Абдуррауф Иброҳимӣ, раиси Маҷлиси миллии Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти раиси Ҳизби исломӣ таъкид кард, ҷанг дар ин кишвар қавмӣ нест, балки аз тамоми мардуми Афғонистон қурбонӣ мегирад.

Абдувалӣ ниёзӣ, намояндаи мардуми Бадахшон дар Маҷлиси Афғонистон низ гуфт, қавмӣ хондани ҷанг дар ин кишвар ҷафо дар ҳаққи мардум аст ва бархн талош доранд, то Афғонистонро ба даҳаи навад бозгардонанд.

Ниёзӣ афзуд, Ҳикматёр то қабл аз пайвастан ба раванди сулҳ, ҷанги ҷориро ҷиҳод медонист ва аммо ҳоло бо калимот бозӣ мекунад.

Назифа Закӣ, намояндаи Кобул дар парлумон низ эълом кард, ҷанги Афғонистон қавмӣ ва ё мазҳабӣ нест, аммо ин афрод бо доман задан ба мавзуоти қавмӣ талош мекунанд, то кишварро ба сӯи ҷанги қавмӣ бикашонанд.

Гулбиддин Ҳикматёр ахиран дар нишасти Шӯрои марказии Ҳизби исломӣ, ҷанг дар ин кишварро қавмӣ хонда буд, ки ин сухани ӯ вокуниши намояндагони афғонро дар пай дошт.

Вай сипас муддаӣ шуд, ки расонаҳо изҳороташро таҳриф кардаанд.

 

Барчасп