Ноябр 15, 2017 19:50 Asia/Dushanbe
  • Шарти давлати Мянмар барои расидагӣ ба ҷароими артиш зидди мусулмонон

Давлати Мянмар барои расидагӣ ба ҷароиму ҷиноёти артиш ва будоҳои ифротиро машрут ба ҳалли буҳрони оворагони Роҳингия кард.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Алъолам, Аунг Сан Су Чӣ, раиси давлати Мянмар эълом кард, пеш аз расидагӣ ба ҷароими зидди Роҳингия, бояд масъалаи оворагон ҳал шавад.  

Су Чӣ, ки дар конфронси хабарии муштарак бо Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико сухан мегуфт, муддаӣ шуд, Мянмар бо Амрико барои иҷрои ҳамаи қавонини байналмилалӣ ва эҷоди навъе амният бо ҳадафи бозгашти оворагон ва ҳалли буҳрони онҳо пеш аз расидагӣ ба ҳаргуна ҷароимии зидди Роҳингия, ҳамкорӣ мекунад.

Су Чӣ гуфт, мавонеъ ва мушкилоти бузурге барои ҳалли буҳрони Роҳингия вуҷуд дорад.

Артиши Мянмар рӯзи душанбе эълом кард, нерӯҳояш ҳеч шарорате алайҳи мусулмонони Роҳингия дар иёлоти Рохин ин кишвар муртакиб нашудааст .

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар бо радди ин иддаои мақомоти низомии Мянмар мегӯянд, артиши Мянмар дар талош барои сарпуш гузоштан рӯи ҷиноятҳои худ алайҳи башарият ва қатли оми мусулмонони роҳингияӣ аст .