ДИИШ 15 узви худро дар Афғонистон сар бурид
(last modified 2017-11-24T12:48:34+00:00 )
Ноябр 24, 2017 17:48 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ 15 узви худро дар Афғонистон сар бурид

Гурӯҳи террористии ДИИШ 15 нафар аз аъзои худро дар вилояти Нангарҳор, шарқи Афғонистон сар бурид.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз” аз Ҷалолобод, Атоуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор гуфтааст, ин афрод дар пайи даргириҳои дохилии аъзои ин гурӯҳ ва ба унвони муҷозоти рӯзи панҷшанбе сар барида шуданд.

Эъломи ин мавзӯъ дар ҳолест, ки рӯзи панҷшанбе низ як бомб дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор мунфаҷир шуд, ки то кунун ҳашт кушта ва шуморе маҷрӯҳ бар ҷой гузоштааст. То кунун шахс ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро ба уҳда нагирифтааст. Нангарҳор аз вилоятҳои шарқии ноамни Афғонистон аст ва гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин вилоят фаъолият мекунад.