Эҳтимоли эҷоди фазои пардохти ягона дар қаламрави Авруосиё то поёни соли 2019
(last modified 2017-11-25T14:01:33+00:00 )
Ноябр 25, 2017 19:01 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли эҷоди фазои пардохти ягона дар қаламрави Авруосиё то поёни соли 2019

Мудиромили системаи миллии кортҳои пардохти Русия дар дуввумин иҷлоси кории сарони бонкҳои миллии кишварҳои Ҳамсуд, аз эҳтимоли эҷоди фазои пардохти ягона дар қаламрави Иттиҳоди иқтисоди Авруосиё, то поёни соли 2019 милодӣ хабар дод.

Владимир Комилов бо баёни ин ки дар ҳар кишваре вижагиҳои танзим, қонунгузорӣ ва фарҳанги хоссе вуҷуд дорад ва бархе масоил дар чорчӯби идғом бо соири низомҳои пардохт бояд муҷаддад арзёбӣ шавад, гуфт, аммо қасд дорем масоили марбут ба эҷоди фазои пардохти ягона дар қаламрави Иттиҳодии иқтисоди Авруосиёро то поёни соли 2019 милодӣ такмил кунем.

Алла Бокина, раиси Идораи низоми миллии пардохти бонки Русия, дар поёни ин нишаст бо ишора ба таҳия ва омода шудани тавофуқномаи чандҷониба дар ҳавзаи назорат бар фаъолияти системаҳои пардохти кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, гуфт, санади марбута дар нимаи аввали соли ояндаи милодӣ ба имзо мерасад.

Бино бар гузориши дафтари матбуотии системаи миллии кортҳои пардохти Русия, дар чорчӯби дидори кории ин созмон ва системаи пардохт «билкорт» тавофуқномае дар заминаи тавсеаи таомулоти системаҳои пардохти Беларус, Русия ва ҳамчунин ёддошти тафоҳумӣ дар бораи идғоми системаи пардохти “билкорт”-и Қирғизистон тасвиб шуд.

Системаи пардохти «Мир» дар Русия, дар тобистони соли 2014 милодӣ баъд аз мушкилоти бонкҳои русӣ бо системҳои пардохти байналмилалӣ, аз ҷумла «Виза» ва «Мастер корт» эҷод ва мавридм баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳамакнун аз кишварҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон ташкил шудааст.

Дар чорчӯби ин иттиҳодия, аъзои он мувофиқати худро бо тараддуди озоди коло, сармоя, неруи кор ва хадамот дар марзҳои Авруосиё эълом кардаанд. Аъзои Авруосиё ҳамчунин эълом кардаанд, ки сиёсати муштараке дар заминаи энержӣ, санъат, кишоварзӣ ва васоили нақлия хоҳанд дошт.