Ноябр 29, 2017 19:31 Asia/Dushanbe
  • Дархости ФАО аз Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон

Созмони хору бор ва кишоварзии милали муттаҳид- ФАО-хостори ҳамкории густардаи Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон дар мубориза бо бемориҳои домии фаромарзӣ шуд.

Ба нақл аз дафтари намояндагии Созмони хору бор ва кишоварзии милали муттаҳид  дар Теҳрон, коршиносон ва масъулони домпизишкии кишварҳои Эрон, Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон дар Теҳрон аввалин нишасти ҳамкории чаҳорҷонибаро барои муқобила бо бемориҳои домии фаромарзӣ ва тақвияти иқдомоти ҳамоҳанг дар ин ҳавза баргузор карданд .

Набил Ганҷӣ, муовини намояндаи минтақаии Ховари Миёна ва шимоли Африқо ва намояндаи муваққати ФАО дар Теҳрон дар маросими оғоз ба кори ин нишаст, нақши домро дар рушди иқтисодии чаҳор кишвари ёдшуда таъинкунанда донист .

Вай гуфт: Муҳоҷирати густардаи рустоиёну кучнишинҳо ба кишварҳои ҳамсоя дар натиҷаи буҳронҳои табиӣ ва инсонӣ аз ҷумла ҷанг, созукорҳои контроли беҳдошти домро дар кишварҳои мизбон амалан мухтал мекунад .

Томио Шичерӣ, намояндаи ФАО дар Афғонистон низ гуфт, яке аз абъоди мунҳасир ба фарди нишасти Теҳрон мушорикати тимҳои тахассусӣ ва фаннӣ дар ташхису шиносоии бемориҳои домӣ, пешгирӣ аз он ва контроли фаромарзии ҷобаҷоии дому маҳсулоти домӣ аст .

ФАО дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақаӣ талош мекунад, то пешгирӣ аз бемориҳои домӣ ва бемориҳои муштараки байни инсону домро бо ҳамкории Созмони беҳдошти ҷаҳонии дом (OIE) ва Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ (WHO) густариш диҳад .