Ноябр 30, 2017 16:31 Asia/Dushanbe
  • Тавҳини бесобиқаи Трамп ба раҳбари Кореяи Шимолӣ

Раисиҷумҳури Амрико ба раҳбари Кореяи Шимолӣ тавҳини бесобиқа кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал Олам”, чанде пас аз озмоиши мушакии ҷадиди Кореяи Шимолӣ, Доналд Трамп дар суханронии худ дар бораи ислоҳоти молиётӣ, раҳбари Кореяи Шимолиро “сагбачаи бемор” хонд.

Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба охирин озмоиши мушакии ҷадиди Кореяи Шимолӣ ба хабарнигорон гуфт: «фақат метавонам инро ба шумо бигӯям, ки мо ин масъаларо ҳаллу фасл мекунем. Ин вазъияте аст, ки ба он расидагӣ хоҳад шуд.»

Ситоди муштараки артиши Кореяи Ҷанубӣ рӯз чаҳоршанбе эълом кард, ки Кореяи Шимолӣ, як мушаки болистик шиллик кард, ки ба иртифои чаҳор ҳазору 500 километрӣ расид ва масофати 960 кило метриро тай кард.