Оғози иҷлоси нахуствазирони СҲШ
Иҷлоси нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой бо ҳузури Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Сочии Русия оғоз ба кор кард.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин иҷлос бо ширкати ҳашт нахуствазири кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой ва низ мақомҳои баландпояи кишварҳои узви нозир, шомили муовини раисҷумҳур ва нахуствазир оғоз шуд. Мавзӯоте чун ҳамкориҳои кишварҳои узви Созмони Шонгҳой, бархе масоили муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла таҳриму буҳронҳои минтақаӣ дар дастури кори ин иҷлос қарор дорад.
Созмони Ҳамкории Шонгҳой созмонест, ки барои ҳамкориҳои чандҷонибаи амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар соли 2001 аз сӯйи Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон поягузорӣ шуд. Дар солҳои баъд ҳам Эрон, Муғулистон, Покистон, Ҳинд, Афғонистон ва Белорусия ба унвони узви нозир ба ин созмон пайвастанд. Ҳоло Русия, Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Покистон ва Ҳинд аъзои Созмони Ҳамкории Шонгҳойро ташкил медиҳанд.