Беэътиноии шаҳрдорони амрикоӣ ба тасмими Трамп
Даҳҳо шаҳрдор дар иёлатҳои мухталифи Амрико дар мухолифати амалӣ бо рӯйкарди раисҷумҳури ин кишвар, ки Тавофуқи обуҳавоии Парижро лағв карда буд, паймонеро имзо карданд.
Ба гузориши рӯзномаи “Ю ЭС ЭЙ тудэй”, дар ҳоле ки Доналд Трамп иҷрои Тавофуқи обуҳавоии Парижро лағв кардааст, даҳҳо шаҳрдор дар иёлатҳои мухталифи ин кишвар ба манзури коҳиши газҳои гулхонаӣ паймони обуҳавоии худро имзо карданд. Пешнависи ин паймон, ки "Маншури Чикаго" ном дорад, бо ҳузури 36 шаҳрдор аз иёлатҳои мухталифи Амрико дар Нишасти ҳавошиносии Амрикои Шимолӣ дар Чикаго имзо шуд. Ин маншур мушобеҳи Тавофуқи обуҳавоии Париж аст ва чорчӯби барномарезии шаҳрдориҳои Амрикоро барои расидан ба аҳдофи коҳиши интишори газҳои гулхонаӣ таъйин мекунад.
Эм Эммануэл, шаҳрдори Чикаго гуфт, шаҳрдорони беш аз 380 шаҳри Амрико бо ҳудуди 68 миллион нафар ҷамъият мутааҳҳид шудаанд, ки аҳдофи Тавофуқи Парижро ҳифз кунанд.
Барак Обама, раисҷумҳури собиқи Амрико тавофуқномаи Парижро имзо кард, аммо Трамп дар моҳи июни имсол хурӯҷи Амрикоро аз ин тавофуқ эълом кард. Бар асоси ин тавофуқ, Амрико бояд тавлиди газҳои гулхонаиро коҳиш диҳад.