Русия: Қудси шарқиро пойтахти Фаластин медонем
(last modified Thu, 07 Dec 2017 15:29:42 GMT )
Декабр 07, 2017 20:29 Asia/Dushanbe
  • Русия: Қудси шарқиро пойтахти Фаластин медонем

Вазорати умури хориҷаи Русия дар бораи тасмими Трамп барои ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ва интиқоли сафоратхонаи Амрико ба ин шаҳр, ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал Олам”, вазорати умури хориҷаи Русия зимни ибрози нигаронӣ аз тасмими якҷонибаи Трамп барои ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ эълом кард, Русия ин иқдомро маҳкум мекунад ва Қудси шарқиро пойтахти Фаластин медонад. Вазорати хориҷаи Русия таъкид кард, иқдоми Вашингтон ба музокироти сулҳ латма ворид мекунад.

Раисиҷумҳури Амрико чаҳоршанбе шаб дар суханронӣ дар Кохи Сафед, эълом кард, Амрико ба сурати расмӣ, Қудсро пойтахти Исроил мешиносад ва корҳои интиқоли сафораташ аз Тел Авив ба ин шаҳр билофосила шурӯъ хоҳад шуд.