Хашми Натаняҳу аз мавҷи маҳкумиятҳои ҷаҳонии тасмими Трамп дар бораи Қудс
Нахуствазири режими саҳюнистӣ аз кишварҳои аврупоӣ ба сабаби мухолифат бо тасмими давлати Амрикодар бораи интиқоли сафорати ин кишвар ба Қудс, хашмгин шудааст.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар иқдоме камсобиқа, 14 узви Шӯрои амнияти Созмони Милал, аз ҷумла Англия, Фаронса ва Русия зимни интиқод аз эълом шудани Қудс ба пойтахти режими саҳюнистӣ тавассути Амрико, таъкид карданд, сафоратхонаҳои худро аз Тел Авив ба қудс мунтақил намекунанд.
Бо роҳ афтодани мавҷи маҳкумиятҳо, Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз (якшанбе), ин кишварҳоро ба нифоқ ва ду руӣ муттаҳам кард ва гуфт, Тел Авив иқдоми кишварҳои аврупоӣ дар маҳкумияти тасмими Амрико дар бораи Қудсро намепазирад.
Сарони режими саҳюнистӣ пештар низ борҳо аз кишварҳои дорои равобит бо ин режим хоста буданд сафорати худро ба Қудс мунтақил кунанд, аммо ин кишварҳо аз бими вокуниши афкори умумӣ токунун аз ин иқдом, имтиноъ кардаанд.