Декабр 11, 2017 15:34 Asia/Dushanbe
  • Тирборони зани афғон ба дасти Толибон

Аъзои Толибон як занро дар шимоли Афғонистон тирборон карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, Забеҳуллоҳ Амонӣ, сухангӯи вилояти Сарипул дар шимоли Афғонистон эълом кард, аъзои гурӯҳи Толибон ин зан 38 соларо ба далели ҳамкории хонаводааш бо давлати Кобул дар шаҳри Сарипул, маркази ин вилоят эъдом карданд.

Ҷасади ин зан ҳанӯз ба хонаводааш таҳвил дода нашудааст.

Чанде қабл низ аъзои Толибон як зани 25 солаи афғонро дар Сарипул тирборон карда буданд.

Бархе шаҳристонҳои вилояти Сарипул дар шимоли Афғонистон дар тасарруфи Толибон қарор доранд ва террористҳои вобаста ба ДИИШ низ дар ин вилоят, фаъол ҳастанд.

 

Барчасп