Декабр 12, 2017 17:18 Asia/Dushanbe
  • Cафари минтақаии Путин

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи душанбе пас аз сафар ба Сурия ва сипас ба Миср вориди Туркия шуд. Путин дар сафар ба Сурия зимни дидор бо Башор Асад, раисҷумҳури Сурия дар пойгоҳи ҳавоии Ҳумаймим хурӯҷи бахши умдае аз нерӯҳои низомии Русия аз ин кишварро эълом кард. Дар сафар ба Миср дар ҳузури Владимир Путин ва ҳамтои мисрияш Абдулфаттоҳ Сисӣ қарордоди эҳдоси нерӯгоҳи ҳастаии имзо шуд.

Сафари минтақаии Путин ба ин се кишвар бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти онҳо дар сиёсати минтақаии Русия қобили таъкид аст. Дар воқеъ, Русия бо зимомдории Путин гомҳои бузургеро бо эҳёи иқтисодӣ ва низомии худ ва дар марҳалаи баъд талош барои муҷаддан матраҳ кардани худ ба унвони як қудрати байналмилалӣ бардоштааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин рӯйкард Маскав иқдомоти мушаххасеро барои барқарории равобити густурда ва чандҷониба бо кишварҳои бузургу муҳими минтақа, монанди Туркия, Миср ва Сурия сурат додааст. Ҳар яке аз ин се кишвар аз дидгоҳи хосе барои Маскав аҳамият дорад. Дар бораи Сурия дар ҳоли ҳозир муҳимтарин ҳадафи Русия ҳифзи Сурия ба унвони танҳо нуқтаи истиқрори геополотикии ин кишвар дар Ховари Миёна ва ҳошияи баҳри Миёназамин ва истифода аз он ба унвони восита барои таъсиргузорӣ бар муодилоти сиёсию низомии Ховари Миёна аст. Нураҳан Шайх, устоди улуми сиёсии мисрӣ мегӯяд, нақши Маскав бо ҳалли мусолиматомези буҳрони Сурия ба поён нахоҳад расид, балки Русия ҳамчунон муттаҳиди аслии Димишқ хоҳад буд. Ба ҳамин далел ба рағми эъломи хурӯҷи низомиёни рус аз Сурия аз сӯйи Путин мақомоти аршади Маскав бар ҳифзи пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Сурия, яъне пойгоҳи баҳрии Тартус ва пойгоҳи ҳавоии Ҳумаймим таъкид кардаанд. Мете Ярар, коршиноси амниятии Туркия муътақид аст, ки Владимир Путин тасмими хурӯҷи нерӯҳои кишвараш аз Сурияро бо таваҷҷуҳ ба равобити тавъам ба эътимод ба шарикони эронӣ ва туркии худ гирифт. Аз сӯйи дигар сафари Путин ба Қоҳира бо ҳадафи густариши нуфузи Русия дар бузургтарин кишвари арабӣ сурат гирифт. Маскав бо густариши равобити иқтисодӣ бо Ховари Миёна, аз ҷумла Миср ва Туркия талош мекунад, то фишори ношӣ аз таҳримҳои Ғарбро коҳиш диҳад. Акнун Миср табдил ба яке аз муштариёни аслии таслиҳоти рус шудааст. Зимни ин ки имзои қарордоди сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ барои Миср дар ҷараёни сафари Путин нишонаи дигаре аз тавсеаи равобити иқтисодии ду кишвар талаққӣ мешавад. Равобити Туркия ва Русия низ дар ду соли ахир, бавижа пас аз ҳузури низомии Маскав дар Сурия фарозу нишебҳои зиёдеро таҷриба кардааст. Бо ин ҳол, акнун шоҳиди зуҳури давраи ҷадид дар равобити Маскав ва Анкара ҳастем. Равобити Русия ва Туркия дорои абъоди бисёр густурдае аст. Зимни ин ки Маскав бо вориди кардани Анкара ба музокироти Остона акнун амалан Туркияро ба мадори сиёсати худ дар заминаи Сурия кашондааст.

Дар маҷмӯъ, сафари минтақаии Путин бо ҳадафи густариши равобит бо ин кишварҳо ва таъмиқи ҳарчи бештари нақшу нуфузи Маскав дар Ховари Миёна сурат гирифтааст.

 

Барчасп