Август 20, 2016 17:42 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми ҷадиди Русия барои муқобила бо мудохилаҷуии ғарб

Додситонии кулли Русия фаъолияти ду созмони ғайридавлатии Амрико дар Русияро ғайриқонунӣ донист.

Ин ниҳоди қазоии Русия рӯзи ҷумъа эълом кард, фаъолияти ду созмони ғайридавлатии амрикоӣ шомили намояндагии Институти байналмилалии ҷумҳурихоҳон (IRI) ва Бунёди сармоягузорӣ ва тавсеаи расонаҳо (MDIF) таҳдиде барои амнияти миллии Русия аст.   

Бо раъйи Додситонии кулли Русия, фаъолияти ин ду созмон барои низоми ҳукуматии Русия хатарнок эълом шудааст.

Институти байналмилалии ҷумҳурихоҳон бо истифода аз коршиносон ва расонаҳои вобаста дар заминаи барпоии инқилобҳои рангӣ бо меҳвари танишофаринии иҷтимоӣ ва сиёсӣ алайҳи давлатҳои мухолифи сиёсати Вашингтон фаъолият мекунад. Бунёди сармоягузорӣ ва тавсеаи расонаҳо низ як созмони ғайридавлатии амрикоист, ки талош мекунад, аз расонаҳои мухолиф барои эҷоди ҷарёни ғолиби хабарӣ алайҳи давлатҳое, ки сиёсати зидди амрикоӣ доранд, истифода кунад ва дар ростои барандозии ҳукуматҳо гом бардорад.

Иқдоми ахири Додситонии кулли Русия бо ҳадафи муқобила бо ҷанги равонӣ ва таблиғотии ғарб алайҳи давлати Русия ва дар як калом ҷанги нарми Амрико алайҳи Русия сурат мегирад. Бурузи таниш дар равобити Русия ва ғарб дар се соли ахир бо таваҷҷуҳ ба буҳрони Украина сабаб шуда, то блоки ғарб бавижа Амрико талоши густардаеро дар арсаи дохилии Русия ба манзури тазъифи давлат ва низ сайтараи арзишҳо ва фарҳанги ғарбӣ дар ин кишвар созмондеҳӣ кунанд.

Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико, таблиғот ва ҷанги равонии худ алайҳи давлати Русияро дар ду бахши калидӣ яъне расонаҳои Русия ва созмонҳои мардумниҳоди ин кишвар бо ҳадафи тарвиҷи арзишҳои ғарбӣ бавижа демократияи мадди назари худ мутамарказ кардаанд.

Мақомоти Маскав муддатҳост, ки дар бораи дахолатҳои густардаи ғарбиҳо дар умури дохилии Русия, ки ҳамроҳ бо ташвиқи мардуми ин кишвар ба нофармонии маданӣ ва ё таҳрики мардуми Русия ба барпоии тазоҳурот ва эътирозот алайҳи давлати марказии Русия аст, эътироз карда ва онро иқдоме барандозона талаққӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар Путин дар дохили ин кишвар бо гурӯҳе аз мухолифон мувоҷеҳ аст, ки беш аз пеш наҳваи зимомдории вайро ба чолиш кашида ва вайро муттаҳам ба иқтидоргароӣ ва тамаркузгароӣ мекунанд. Ҳарчанд, ки тибқи назарсанҷиҳо акнун Путин аз маҳбубияти болое назди бисёре аз мардуми ин кишвар бархурдор аст. Давлати Русия дар муқобил, ин эътирозот ва мухолифатҳоро ношӣ аз нуфуз ва илқооти хориҷӣ бавижа ғарбиҳо талаққӣ мекунад ва ҳатто қавонинеро барои маҳдуд кардани фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ, ки аз кишварҳои ғарбӣ бавижа Амрико кумак дарёфт мекунанд, тасвиб кардааст.

Дар ин росто дастгоҳи қазоии Русия иқдомотеро алайҳи дахолатҳои мустақим ва ғайримустақими ғарбиҳо дар Русия сурат додааст. Аз ҷумла дар авохири июли 2015 додситонии Русия дар баёнияе, ниҳоди амрикоии Бунёди дифоъ аз демократияро номатлуб хонд ва фаъолияти онро дар Русия таҳдиде барои амният ва фаъолиятҳои дифоии ин кишвар қаламдод кард. Ин бунёд таи солҳои 2013 ва 2014 2/5 миллион доллар кумаки молӣ дар ихтиёри созмонҳои мардумниҳоди русӣ қарор додааст. Шӯрои федератсияи Русия низ дар июли 2015 феҳристе муташаккил аз номи 12 созмони ғайридавлатии хориҷиро баунвони созмонҳои номатлуб ба Додситонии кулл, Вазорати умури хориҷа ва додгустарии Русия ироа кард.

Дар сентябри 2014 низ қонунгузорони Думаи Русия лоиҳаеро, ки башиддат моликияти хориҷии ширкатҳои расонаӣ дар ин кишварро маҳдуд мекунад, тасвиб карданд. Бар асоси ин лоиҳа, саҳми моликияти хориҷии ҳар расона дар Русия набояд беш аз 20 дарсад бошад. То пеш аз ин хориҷиҳо метавонистанд, то 50 дарсади моликияти расонаҳо аз ҷумла истгоҳҳои радио ва телевизионро дар ихтиёр дошта бошанд. Ҳаводорони ин лоиҳа, тасвиби онро иқдоме мусбат дар чорчуби мубориза бо ҷанги иттилоотӣ алайҳи Русия унвон карданд.  

Дар июли 2012 Думаи Русия, қонуни ҷадиди "Созмонҳои иҷтимои"-ро ба тасвиб расонд. Бар асоси ин қонун, ба созмонҳои иҷтимоии дарёфткунандаи кумакҳои молии хориҷӣ барчасби авомили хориҷӣ зада мешавад. Бадин тартиб илова бар рӯёрӯӣ дар арсаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ акнун дар арсаи ҷанги нарм низ шоҳиди зӯрозмоии  Русия ва ғарб ҳастем. Зоҳиран русҳо бо огоҳӣ аз ин масъала батаври фаъолонае ба маҳдуд кардан ва ё мамнуъ кардани анвоъ ва ақсоми созмонҳои ғайридавлатии ғарбӣ, ки бадунболи таҳаққуқи аҳдофи барандозонаи худ ҳастанд, идома медиҳанд.