Декабр 17, 2017 19:00 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии Парлумони Афғонистон аз густариши ДИИШ

Раиси Парлумони Афғонистон бо ибрози нигаронӣ аз густариши фаъолияти ДИИШ дар шимоли ин кишвар, аз давлат хост, барои саркуби ин гурӯҳи террористӣ талош кунад.

Абдурауф Иброҳимӣ, раиси Парлумони Афғонистон дар нишасти ин ниҳод гуфт: Фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон дар ҳоли густариш аст ва ин падидаи шум мардуми ин кишварро таҳдид мекунад .

Вай афзуд: Густариши ДИИШ дар Афғонистон на танҳо зиндагии мардумро таҳдид карда, балки муҷиби нигаронии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон шудааст .

Иброҳимӣ аз сарони давлати ваҳдати миллӣ хост, то тадобири вижаеро барои саркуби ДИИШ дар ин кишвар анҷом диҳанд .

Ин дар ҳолест, ки борҳо бархе аз аъзои Шӯрои амнияти миллии Афғонистон ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон муттаҳам шудаанд, аммо Ашраф Ғанӣ дар яке аз суханрониҳои худ гуфта буд, касоне, ки иддао доранд, бояд иттиҳомоти худро дар додгоҳи олӣ собит кунанд .

 

Барчасп