Декабр 19, 2017 12:30 Asia/Dushanbe
  • Амрико қатъномаи Қудсро вето кард

Амрико ба рағми раъйи мусбати 14 узви Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ба қатъномаи пешниҳодии Миср дар бораи Қудс, ин қатъномаро вето кард.

Дар пешнависи ин қатънома омада буд, ҳар тасмиму иқдоме, ки ба манзури тағйири ҳуввият, вазъият ё таркиби ҷамъиятии шаҳри муқаддаси Қудс бошад, таъсири ҳуқуқӣ надошта ва бояд тибқи қатъномаҳои муртабити Созмони ‌милал, лағв шавад.

Ин пешнавис ҳамчунин аз ҳамаи кишварҳо мехост, тибқи қатъномаи 478 Шӯрои амният, аз таъсиси намояндагии дипломатии сафоратхонаҳо ва консулгарӣ дар шаҳри Қудс иҷтиноб кунанд ва зимни пайбандӣ ба қатъномаҳои Шӯрои амният, ҳеч иқдоми хилофи онҳо анҷом надиҳанд .

Пас аз тавзеи пешнавис ин қатънома миёни 15 узви Шӯрои амният аз сӯи Миср, ин Шӯро Душанбе шаб нишастеро дар ин хусус баргузор кард .

Дар ҳоле, ки 14 узви дигари Шӯрои амнияти Созмони милал пештар аз Амрико хоста буданд, ба қатъномаҳои Шӯрои амният дар бораи Қудс эҳтиром бигузорад, Ники Ҳейли, намояндаи доими Амрико дар Созмони милал дар ин нишаст таъкид кард, Вашингтон ин қатъномаро вето хоҳад кард .

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шашуми декабр бо вуҷуди мухолифатҳои густардаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ эълом кард: Вашингтон Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият мешиносад .

Байтулмуқаддас аз соли 1967 дар ишғоли Исроил аст .

 

 

Барчасп