Декабр 21, 2017 13:49 Asia/Dushanbe
  • Шикасти ДИИШ дар Афғонистон

Сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон гурӯҳи террористии ДИИШ -ро дар ин кишвар шикастхӯрда донист ва афзуд, нерӯҳои афғон дар ҳоли нобудии комили гурӯҳи террористии ДИИШ ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Давлат Вазирӣ дар нишасти хабарӣ дар Кобул, дар вокуниш ба нигаронии Русия аз табдил шудани Афғонистон ба пойгоҳи гурӯҳи террористии ДИИШ гуфт, аъзои вобаста ба ин гурӯҳ тавоноии эҷоди марокизи террористӣ дар Афғонистонро надоранд.

Александр Бортников, раиси Созмони амнияти федералии Русия ахиран дар суханоне гуфта буд, афроди вобаста ба ДИИШ пас аз шикаст дар Ироқ ва Сурия ба сурати гурӯҳбандишуда дар ҳоли интиқол ба Афғонистон ҳастанд то аз онҷо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ нуфуз кунанд.

 Дар амалиёти 9 моҳи гузаштаи нерӯҳои амниятии афғон зидди гурӯҳи террористи ДИИШ 1628 узви ин гурӯҳ, аз ҷумла 63 саркардаи он ба ҳалокат расиданд ва тайи ҳамин муддат ҳам 280 нафар аз фармондеҳони гурӯҳи Толибон кушта шудаанд.