Мухолифати дубора бо сабти қавмият ва миллият дар шиносномаҳои электронии афғонҳо
https://parstoday.ir/tg/news/world-i27207-Мухолифати_дубора_бо_сабти_қавмият_ва_миллият_дар_шиносномаҳои_электронии_афғонҳо
Мавзӯи дарҷи қавмият ва миллият дар шиносномаҳои электронии шаҳрвандони Афғонистон, бори дигар масъаласоз шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 21, 2017 16:58 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати дубора бо сабти қавмият ва миллият дар шиносномаҳои электронии афғонҳо

Мавзӯи дарҷи қавмият ва миллият дар шиносномаҳои электронии шаҳрвандони Афғонистон, бори дигар масъаласоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, бархе аз намояндагони Маҷлиси Афғонистон тасмими Комиссияи муштараки маҷолиси ин кишварро барои дарҷи қавмият ва миллият дар шиносномаҳои электронӣ, хилофи Қонуни асосӣ эълом карданд ва таҷдиди назар дар ин заминаро хостор шуданд.

Пеш аз ин парлумони Афғонистон борҳо қабули фармони тақнини Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистонро барои дарҷи вожаҳои дин, қавм ва миллат дар шиносномаҳо рад карда буд.

Фавзия Куфӣ, намояндаи мардуми Бадахшон дар ин замина мегӯяд, асноде аз дахолати ҳайати идории парлумони Афғонистон дар кори Комиссияи муштараки Маҷолиси ин кишвар дар ихтиёр дорад, ки нишон медиҳад ин тасмим бо фишори мустақими ҳайати идории парлумон гирифта шудааст.

Бархе аз коршиносон мӯътақиданд, ки дарҷ вожаҳои қавмият ва миллият мумкин аст ба унвони абзоре барои доман задан ба шикофҳои қавмӣ дар Афғонистон мавриди истифода қарор гирад.