Боздошти диишии омили инфиҷор бо либоси занона дар Афғонистон
Декабр 25, 2017 17:37 Asia/Dushanbe
Нерӯҳои амниятии Афғонистон як омили инфиҷорро бо либоси занона дар вилояти Лағмони Афғонистон боздошт карданд.
Дафтари матбуотии устондории Лағмон эълом кард, нерӯҳои амниятии афғон бо боздошти ин омили инфиҷор дар шаҳри Меҳтарлам, аз вуқуи як инфиҷори хунин дар маркази устони Лағмон ҷилавгирӣ карданд .
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи террористии ДИИШ, масъулияти инфиҷори имрӯзи бомб дар шаҳри Кобул, ки ба кушта шудани дастикам шаш нафар анҷомидро бар уҳда гирифт.
Чанд моҳи гузашта Кобул шоҳиди чандин инфиҷор буда, ки садҳо куштаву захмӣ барҷой гузоштааст ва гурӯҳи террористии ДИИШ ва ҳамчунин Толибон масъулияти ин ҳамалотро бар уҳда гирифтаанд .