Латукӯби донишомӯзи амрикоӣ ба хотири ҳиҷоб
Дар идомаи иқдомоти хушунатбор зидди мусалмонон духтари донишомӯзи амрикоӣ дар иёлати Флорида ба хотири ҳиҷоб мавриди латукӯб қарор гирифт.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Ksat”, интишори филме дар фазои маҷозӣ нишон медиҳад, духтари донишомӯзи амрикоӣ тавассути гурӯҳе аз навҷавонон дар иёлати Флорида ба хотири ҳиҷоб мавриди латукӯб қарор гирифт. Шакил Муншӣ, падари ин донишомӯзи боҳиҷоби амрикоӣ гуфт, ин гурӯҳ навҷавонон қабл аз задани духтараш иқдом ба зӯргӯӣ карда, сипас ӯро ба хотири мусалмон будан таҳдид ба қатл кардаанд.
Ин духтари донишомӯз пас аз ин ҳамла ба хотири ҷароҳатҳои сару сурат ба бемористон мунтақил шуд.
Шӯрои равобити исломии амрикоӣ, бузургтарин созмони ҳомии ҳуқуқи мусалмонони Амрико эълом кард, ба парвандаи ин донишомӯз монанди парвандаҳои зиёди дигаре, ки бо мавзӯи ҳамла ба донишомӯзони мусалмон дар мадориси Амрико ташкил шуда, расидагӣ хоҳад кард. Шӯрои равобити исломии амрикоӣ пеш аз ин низ бо интишори гузорише эълом кард, ки 53 дарсади донишомӯзони мусалмон дар Амрико танҳо ба иллати мусалмон будан дар мадраса ҳадафи таҳқир, иҳонат ва беэҳтиромӣ қарор мегиранд.
Бо оғози даврони раёсатҷумҳурии Доналд Трамп дар Амрико иқдомоти исломситезона ва хушунатбор алайҳи мусалмонон ба шиддат афзоиш ёфтааст.