Ҳалокати даҳҳо диишӣ дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i27535-Ҳалокати_даҳҳо_диишӣ_дар_Афғонистон
​​​​​​​86 террорист аз ҷумла даҳҳо узви гурӯҳи такфирии ДИИШ дар амалиёти нерӯҳои амниятии Афғонистон кушта шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 27, 2017 17:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати даҳҳо диишӣ дар Афғонистон

​​​​​​​86 террорист аз ҷумла даҳҳо узви гурӯҳи такфирии ДИИШ дар амалиёти нерӯҳои амниятии Афғонистон кушта шуданд.

Дафтари матбуотии Вазорати дифои Афғонистон эълом кард, ин амалиёт бо пуштибонии нерӯҳои ҳавоӣ ва тупхонаӣ дар вилоятҳои Нангарҳор, Кунар, Вардак, Лугар, Қандаҳор, Урузгони Зобул, Фориёб ва Ҳилманд иҷро шуд, ки дар натиҷа 21 террористи дигар низ захмӣ шуданд .

50 нафар аз кушташудагони ин амалиёт, аъзои гурӯҳи ДИИШ буданд, ки дар шаҳристони Очини вилояти Нангарҳор ҳадафи ҳамалоти нерӯҳои амниятии афғон қарор гирифтанд .

Чанде пеш Вазорати дифои Афғонистон шумори талафоти такфириҳои ДИИШ-ро дар 9 моҳи имсол беш аз ҳазору 600 нафар эълом кард .

Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон, шумори аносури ДИИШ-ро дар ин кишвар 10 ҳазор нафар эълом кардааст .