Соли аввали раёсатҷумҳурии Трамп: Бадтар аз ҳадди тасаввур
Рӯзноманигору таҳлилгари масоили сиёсӣ, соли аввали раёсатҷумҳурии Трампро бадтар аз ҳадди тасаввур тавсиф кард.
Юҷин Робинсун, рӯзноманигору таҳлилгари масоили сиёсӣ дар рӯзномаи Вашингтон Пост бо ишора ба иқдомоту амалкарди Доналд Трамп дар тӯли як соли зимомдорӣ навишт: Соли аввали раёсатҷумҳурии Трамп бадтар аз он буд, ки амрикоиҳо интизорашро доштанд .
Робинсун дар мақолаи худ ҳимояти ошкори Трамп аз гурӯҳҳои нажодпарастро яке аз бадтарин иқдомҳои ӯ донист .
Ба навиштаи ин рӯзноманигор, аъзои кабина барои розӣ нигаҳ доштани Трамп дар чоплусӣ ва таърифу тамҷид аз ӯ бо ҳам рақобат мекунанд .
Ин рӯзноманигори амрикоӣ навишт: Аксари кишварҳои ҷаҳон дар Созмони милали муттаҳид бо тасмим Трамп дар муаррифии Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ мухолифат карданд дар ҳоле, ки Никӣ Ҳейлӣ, сафири Амрико дар Созмони милали муттаҳид ин кишварҳоро таҳдид карда буд .
128 кишвари ҷаҳон 21 декабр дар Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид пешнависи қатъномаи Қудсро тасвиб карданд, ки бар асоси он, Созмони милал Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият нахоҳад шинохт .