Декабр 28, 2017 17:03 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ масъулияти ҳамалоти террористии Кобулро бар ӯҳда гирифт

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамла ба маркази фарҳангии вобаста ба шиаён ва дафтари хабаргузории “Садои Афғон”, дар пойтахти Афғонистонро бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши “Ан Нашра”, қабл аз зӯҳри имрӯз (панҷшанбе) се инфиҷори интиҳорӣ ва бомбагузорӣ, дафтари марказии хабаргузории “Садои  Афғон” (Ово) ва дафтари марказии маркази фаъолиятҳои фарҳангӣ- иҷтимоии Тибёнро дар ғарби Кобул ҳадаф қарор дод.

Бар асоси гузориши вазорати кишвари Афғонистон, дар ин ҳамалот, токунун дастикам 40 нафар шаҳид ва 53 тан дигар захмӣ шудаанд.

Бештари қурбониёни ин ҳамлаи интиҳорӣ ширкаткунандагон дар як нишасти илмӣ пажӯҳишӣ буданд, ки дар маркази фарҳангии “Тибён” дар ҳоли баргузорӣ буд.

Толибон масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ ба дафтари “Тибён”-ро рад кард.

Маркази “Тибён”, як маркази фарҳангӣ - расонаӣ марбут ба шиаёни Афғонистон аст.