"Washington Post": Трамп фарде нолоиқ ва нодон аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i27691-washington_post_Трамп_фарде_нолоиқ_ва_нодон_аст
Рӯзномаи амрикоии "Washington Post"дар гузорише, бо баррасии бархе изҳороти Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар, вайро фарде нолоиқ ва нодон хонд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 30, 2017 15:08 Asia/Dushanbe

Рӯзномаи амрикоии "Washington Post"дар гузорише, бо баррасии бархе изҳороти Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар, вайро фарде нолоиқ ва нодон хонд.

Рӯзномаи амрикоии "Washington Post"дар гузорише навишт, ҳомиёни Доналд Трамп исрор доранд вай, тозакор аст ё инки монандт як тоҷир фикр мекунад.

Дар ин гузориш омадааст, ин ки Трамп ҳанӯз натавониста бар рафтор ва гуфтаҳои худ тасаллут ёбад, баҳонае қобили қабул барои тавҷеҳи ҳамоқати вай нест ва бекифоятии ӯро исбот мекунад.

Рӯзномаи амрикоии "Washington Post" дар идома навишт, иттилооти Трамп дар маврди тағйироти обуҳавоӣ бисёр ночиз аст ва иттилои кофӣ дар мавриди он надорад.

Дар ин гузориш омадааст, Трамп гарм шудани заминро ба ҷой як фоҷиаи зист муҳитӣ, як иттифоқи хуб тавсиф кард.

"Washington Post" афзуд, Трамп бозҳам нодонии худро нишон дода ва собит кардааст, ки фарқ байни обуҳаво бо шароити иқлимиро намедонад.

Дар ҳоле, ки навоҳии шимол ва шарқи Амрико, дар рӯзҳои ахир бо коҳиши густурдаи дамои ҳаво мувоҷиҳ шуда, Трамп аз ин шароити ҷавӣ барои зери савол бурдани гармоиши замин, истифода кардааст.

Трамп дар сафҳаи “Твиттер”-и худ навишт, шояд битавон каме аз гармоиши заминро, ки қарор буд пул сарфаш кунем барои гарм шудан истифода кунем.

“Твиттер”-и раисиҷумҳури Амрико, дар мавриди гармоиши замин мавҷе аз вокунишҳои интиқодомезро аз сӯи донишмандон ва корбарони интернетӣ ба думбол дошт.