Декабр 30, 2017 19:06 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи олии Русия шикояти Навалнийро рад кард

Додгоҳи олии Русия мамнуъияти номзадии раҳбари мухолифони ин кишвар дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русияро, таъйид кард.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтрез”, Додгоҳи олии Русия рӯзи шанбе шикояти Алексей Навалний, раҳбари мухолифони ин кишварро барои таҷдиди назар дар радди салоҳияти вай, барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2018-и Русия рад кард.

Навалний ҳамчунин аз раъй диҳандагони русӣ хоста буд, интихоботро таҳрим кунанд.

Комиссияи интихоботи Русия ҳафтаи гузашта, Навалнийро аз ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии 18 марти 2018, ба далели маҳкумияти вай ба ҳабс манъ кард.

Аз сӯи дигар, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия барои чаҳорумин бор мадорики худро барои номзадӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар ба Комиссияи интихоботӣ ироа ва мавриди таъйид қарор гирифт.

 

Барчасп