Соли нави милодӣ муборак !
https://parstoday.ir/tg/news/world-i27767-Соли_нави_милодӣ_муборак_!
Имрӯз душанбе аввали январи 2018 оғоз Соли нави милодӣ аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 01, 2018 09:01 Asia/Dushanbe
  • Соли нави милодӣ муборак !

Имрӯз душанбе аввали январи 2018 оғоз Соли нави милодӣ аст.

Радио тоҷикии “Садои Хуросон”, Соли нави милодиро ба ҳамаи мардуми ҷаҳон ба хусус масеҳиён, табрик мегӯяд ва соли пур аз баракат, оромишу сулҳ ва адолатро дар саросари ҷаҳон, орзӯ мекунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ раисиҷумҳур ва дигар мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар рӯзҳои ахир дар паёмҳое ба сарон, мақомот ва миллатҳои масеҳӣ, оғози соли ҷадиди милодиро табрик гуфта ва хушҳолӣ, саломатӣ ва сулҳро барои ҳама бавижа масеҳиён орзӯ кардаанд.

Ҳазрати Исои Масеҳ (а) аз паёмбарони бузурги илоҳӣ аст, ки дар Қуръон  бисёр такрим шудааст.

Қуръони карим дар оёти мутааддид ба муаррифии Масеҳ (а) ва ҷойгоҳи эшон ба унвони яке аз паёмбарони соҳиби китоб ва шариат мепардозад.