“Нигаронкунанда” тавсифи амрикоиҳо аз соли 2017
Январ 01, 2018 17:26 Asia/Dushanbe
Натоиҷи назарсанҷии ҷадид нишон медиҳад, ки мардуми Амрико соли 2017-ро соле “нигаронкунанда” тавсиф мекунанд.
Дар назарсанҷии Axius survey monkey, ки назари мардуми Амрикоро дар бораи соли гузашта пурсид, аз 9 вожаи мухталиф барои тавсифи соли гузашта тавассути ширкаткунандагон истифода шуд .
Тибқи ин назарсанҷӣ, 52 дарсади амрикоиҳо вожаи “нигаронкунанда”, 41 дарсад вожаи “беназмӣ” ва 34 дарсад вожаи “ҷаҳаннам”-ро барои тавсифи соли 2017 интихоб кардаанд .
Барчасп