Истифодаи бомбаҳои ҳушманди англисӣ дар куштори мардуми Яман тавассути Арабистон
(last modified Mon, 22 Aug 2016 09:26:15 GMT )
Август 22, 2016 14:26 Asia/Dushanbe
  • Истифодаи бомбаҳои ҳушманди англисӣ дар куштори мардуми Яман тавассути Арабистон

Рӯзномаи англисии "Observer" аз иқдоми Лондон дар таҷҳизи Арабистони Саудӣ ба бомбаҳои ҳушманд хабар дод.

Ба гузориши шабакаи хабарии "Алолам", Англия бомбаҳои ҳушманди тавлидшуда дар ширкати "Ройтон" –ро дар ихтиёри Арабистон қарор додааст.

Корхонаҳои вобаста ба ширкати "Ройтон" бузургтарин корхонаҳои тавлиди мушак ва бомба дар дунё ҳастанд.

Ба навиштаи рӯзномаи англисии "Observer", Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳое аст, ки аз ин бомбаҳо алайҳи мардуми бедифои Яман истифода мекунад ва бузургтарин муштарии таслиҳотии Англия ба шумор меояд.

Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки Англия аз замони оғози ҳамалоти Арабистони Саудӣ ба Яман, севуним миллиард фунд стерлинг иҷозатномаи фурӯши силоҳ ба режими Оли Саудро содир кардааст.

Дар ҳоле ки Кумитаи тавсеа ва таҳқиқи байналмилал дар Маҷлиси авоми Англия ва Порлумони Аврупо ҳар ду таҳрими таслиҳотии Арабистонро хостор шудаанд, аммо давлати Англия ҳамчунон ба ҳимоят аз ин режими мустабид идома медиҳад.

Бозрасҳои Дидабони Ҳуқуқи Башар бо баррасии бархе маҳалҳои инфиҷори бомба дар Яман, шавоҳиде ба даст овардаанд, ки нишон медиҳад таслиҳоти сохти Англия дар ин бомбаборонҳо ва куштори мардум истифода шудааст.