Дастгир шудани кӯдаки маргталаб дар Каркук
Август 22, 2016 16:27 Asia/Dushanbe
Нерӯҳои пулиси устони Каркуки Ироқ, монеъ аз амалиёти як кӯдаки маргталаб шуданд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Алолам, Саъд Муъин-сухангӯи Вазорати дохилии Ироқ гуфт, ки нерӯҳои пулиси Каркук, шомгоҳи дирӯз (якшанбе) муваффақ шуданд, як кӯдаки маргталабро қабл аз инфиҷори камарбанди интиҳорӣ, дастгир кунанд. Ин кӯдаки маргталаб дар минтақаи Тисъин дар Каркук дастгир шуд. Вай хотирнишон кард, ки ин кӯдак ҳудудан 12 то 15 сола аст. Гурӯҳи террористи ДИИШ, пас аз шустушӯи мағзи кӯдакон, аз онон барои амалиёти интиҳорӣ ва иқдомоти террористӣ истифода мекунад.
Барчасп