Трамп камтарин маҳоратҳои гуфториро дорад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i28287-Трамп_камтарин_маҳоратҳои_гуфториро_дорад
Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико камтарин маҳорати гуфториро дар муқоиса бо 14 раисони ҷумҳури пешини ин кишвар дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 11, 2018 08:23 Asia/Dushanbe
  • Трамп камтарин маҳоратҳои гуфториро дорад

Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико камтарин маҳорати гуфториро дар муқоиса бо 14 раисони ҷумҳури пешини ин кишвар дорад.

Ба гузориши рӯзномаи Индипендент маркази гирдоварии иттилооти онлайн (factba.se) бо таҳлили 30 ҳазор калима аз мусоҳибаҳо, суханрониҳо ва нишастҳои хабарии Трамп ва баррасии онҳо эълом кард, ӯ аз ҳафт имтиёз фақат тавонистааст се имтиёз бадаст оварад.

Дар гузориши ин марказ бо баёни инки ин миқдор, камтарин мизон дар муқоиса бо раисони ҷумҳури пешини Амрико аз соли 1929 то кунун аст, сатҳи суханони раиси ҷумҳури кунунии Амрико дар ҳадди як кудаки ҳаштсола тавсиф шудааст.

Бар асоси баррасии ба амал омада доираи луғатҳо ва сохтори ҷумлаҳои Трамп ба сурати чашмгире сода ва такрорӣ аст ба гунае ки аз замони раиси ҷумҳур Ҳерберт Ҳувур то кунун ру ба завол рафтан то ин сатҳ собиқа надоштааст.

Дар ин арзёбӣ ҳашт вижагӣ аз ҷумла печидагии сохтори гуфтор, истифода аз вожаҳои гуногун ва риояти усулу дастури забон дар гуфтори Трамп арзёбӣ шуд, ки вай дар ҳамаи онон пойитарин имтиёзро бадаст овардааст.

Дар ин гузориш Трамп дар муқоиса бо 14 раиси ҷумҳури пешин дар теъдоди калимаҳои чандбахшӣ, мураккаб ё печида низ камтарин имтиёзро ба даст овардааст.