Ҳимояти комили тарафҳои аврупоӣ аз БАРҶОМ ва тавсия ба Трамп барои ҳифзи он
(last modified 2018-01-11T16:51:20+00:00 )
Январ 11, 2018 21:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти комили тарафҳои аврупоӣ аз БАРҶОМ ва тавсия ба Трамп барои ҳифзи он

Тарафҳои аврупоии тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, як бори дигар аз ин тавофуқ, ҳимоят карданд ва аз раисиҷумҳури Амрико хостанд ба он, пойбанд бимонад.

Ба гузориши ИРНА,  Англия, Фаронса, Олмон ва Иттиҳоди Аврупо рӯзи панҷшанбе ба сурати муштарак аз Амрико хостанд, то тавофуқи ҳастаӣ бо Эронро ҳифз кунад.

Онҳо афзуданд, Теҳрон ҳаққ дорад, то аз лағви таҳримҳои марбут ба тавофуқи ҳастаӣ, баҳраманд шавад.

Федерика Могрини ва вазирони хориҷии се кишвари Фаронса, Бритониё ва Олмон дар нишасти зӯҳри панҷшанбеи худ бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон низ бар тааҳҳуди Аврупо ва ҳамчунин давлатҳои худ ба БАРҶОМ, ба унвони як дастоварди мунҳасир ба фарди дипломатии чандҷониба, таъкид карданд.

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 (Бритониё, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон), аз январи 2016 иҷроӣ шудааст, аммо давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ ҳамвора дар иҷрои БАРҶОМ бадаҳдӣ мекунад.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, Барномаи ҷомеъи иқдоми муштаракро тавофуқе ваҳшатнок медонад ва хоҳон барҳам задани он аст, аммо ҷаҳон мухолифи ин иқдоми раисиҷумҳури Амрико аст.

Трамп қарор аст, фардо дар бораи ин, ки бар асоси БАРҶОМ, таҳримҳои Эронро таълиқ мекунад ё на, ибрози назар кунад.

Теъдоде аз мушовирони аршади Трамп аз ӯ хостаанд, таҳримҳои иқтисодии Амрико, алайҳи Эронро дубора барқарор накунад, зеро ин ҳаракат амалан ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон поён хоҳад дод.