Шаби ваҳшат дар Ҳавайӣ
(last modified Sun, 14 Jan 2018 07:07:58 GMT )
Январ 14, 2018 12:07 Asia/Dushanbe
  • Шаби ваҳшат дар Ҳавайӣ

Идораи мудирияти буҳрони Ҳавайӣ рӯзи шанбе ба иштибоҳ паёме изтирорӣ бар асоси ҳамлаи мушакӣ ба хоки Амрико барои ин иёлат ирсол кард, ки ин паём ба суръат мавҷе аз ваҳшат дар иёлати Ҳавайӣ ба по кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА ин паём ба телефонҳои ҳамро ва шабакаҳои радиоӣ ва телевизионӣ  ирсол шуд ва аз шаҳрвандон хоста буд, то ба суръат паноҳ бигиранд.

Мардуми Ҳавайӣ дар телефонҳои ҳамроҳи худ ин паёмро дарёфт карданд:" Мушаки баллстикӣ ба мақсади Ҳавайӣ партоп шуда; фавран паноҳ бигиред; ин як тамрин нест."

Чанд дақиқа баъд ин паём аз тарафи Идораи мудирияти буҳрони Ҳавайӣ такзиб шуд ва Девид Иге-фармондори Ҳавайӣ эълом кард, ки яке аз кормандони Идораи мудирияти буҳрони Ҳавайӣ ҳангоми иваз шудани шифти корӣ ба иштибоҳ тугмачаи ҳушдорро фишор додааст.

Тибқи ин гузориш ин ҳушдор, ки ба телефонҳои ҳамроҳи сокинони Ҳавайӣ ирсол ва дар телевизион ва радио пахш шуд, дар буҳбуҳаи танишҳои байналмиллалӣ дар бораи барномаи мушакҳои баллстикӣ ва ҳастаии Корияи шимоӣ содир шудааст.

Ким Чонг Ӯн-раҳбари Корияи шимолӣ борҳо ҳушдор додааст, ки мушакҳои ин кишвар сартосари хоки Амрикро ҳадаф қарор медиҳад.