Январ 15, 2018 21:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Поп дар бораи хатари ҷанги ҳастаӣ

Раҳбари католикҳои ҷаҳон ҳушдор дод, ҷаҳон ҳамакнун дар остонаи вуқуи ҷанги ҳастаӣ қарор дорад.

Попи Франсис дар мусоҳиба бо хабарнигорон дар ҳавопаймо, ки вайро дар сафар ба Чили ва Перу ҳамроҳӣ мекарданд, гуфт: “Фикр мекунам, ҷаҳон ҳамакнун дар остонаи он қарор дошта бошад. Ман воқеан нисбат ба ин масъала бимнок ҳастам ва ҳарос дорам. Зеро танҳо як ҳодиса кофист, то авзоъ муташанниҷ шавад”.

Поп пештар дар моҳи ноябр низ зимни ҳушдор дар бораи таслеҳоти ҳастаӣ ва рӯйкарди таолими калисои католик дар қиболи ин масъала эълом карда буд, кишварҳо набояд ҳатто барои аҳдофи боздоранда нисбат ба захирасозии таслеҳоти ҳастаӣ иқдом кунанд .