Иттиҳомзании Трамп ба Самсунг
https://parstoday.ir/tg/news/world-i28967-Иттиҳомзании_Трамп_ба_Самсунг
Раисҷумҳури Амрико ширкати кореяии Самсунгро масъули нопадид шудани паёмҳои полиси федерали Амрико донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 24, 2018 16:49 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳомзании Трамп ба Самсунг

Раисҷумҳури Амрико ширкати кореяии Самсунгро масъули нопадид шудани паёмҳои полиси федерали Амрико донист.

Доналд Трамп дар твитте, ширкати кореяии тавлидкунандаи лавозими электронии Самсунгро дар нопадид шудани маҷмуае аз паёмҳои радду бадал шудаи байни ду мақоми аршади полиси федерали Амрико муқассир донист .

Паёмҳои Питер Стзок ва Лаза Пейҷ, ки ҳар ду аз коркунони полиси федерали Амрико буданд, дар байни маҷмуаи бузургтаре аз паёмҳое буда, ки FBI ба далели нақси нармафзорӣ дар бархе моделҳои гушиҳои Самсунг натавониста онҳоро ҳифз кунад .

Ҷефф Сешнез, вазири додгустарии Амрико гуфт, ин вазоратхона дар ҳоли баррасии иллати воқеии ҳифз нашудани ин паёмҳост.