Январ 26, 2018 17:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳайвоноте, ки абзори дипломатия шуданд (акс)

Ин рӯзҳо ҳайвонот ҳам сиёсӣ шудаанд ва абзоре дар дунёи дипломатия ба ҳисоб меоянд ба тавре, ки ҳадия додани ҳайвонот, тарафдорони бисёре дар кишварҳои мухталиф пайдо кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, собиқаи ҳузури ҳайвонот дар маросими сиёсӣ ба дунёи бостон бар мегардад ва аввалин бор Юлий Сезар 46 сол қабл аз милоди Масеҳ (а) заррофаеро, ки аз Клеопатра маликаи Мисри бостон ҳадия гирифта буд, бо худ ба Аврупо бурд.

Дар солҳои 1478 ва 1826 милодӣ низ ҳокимони Миср барои пешбурди ҳадафҳои сиёсии худ ба Лорентсо Медичи ҳокими Флоренсия ва Шорли даҳум- подшоҳи Фаронса заррофа ҳадия доданд.

Image Caption

Дар даврони муосир бояд Чинро сардамдори дипломатияи ҳайвонот донист, зеро аз соли 1950 ба баъд ин кишвар теъдоди зиёде хирси пандаро ба дигар кишварҳо ва давлатҳои ҷаҳон аз Кореяи Шимолӣ ва Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ гирифта то Амрико, Тайван, Ҷопон ва Олмон фиристодааст.

Image Caption

Панда ҳадия додан дар Чин расме аст, ки аз қарни ҳафтуми милодӣ ва аз даврони Императории «танг»-ҳо баҷо мондааст. Он замон императориси Чин ду панда ба нишонаи дӯстӣ ба Ҷопон фиристод, то ба ин баҳона ҷопониҳо хотираи ҷангҳои гузаштаро фаромӯш кунанд.

Image Caption

Бразилияиҳо ҳам барои ин ки аз қофилаи ҳадияҳои хосси дипломатӣ ақиб намонанд, дар соли 1968 ду адад "танбл"-ро, ки бумии манотиқи ҷангалии Амрикои Марказӣ ва Амрикои Ҷанубӣ ҳастанд ба малика Елизавета II ҳадия доданд.

Image Caption

Дар соли 2010 Бойко Барысов, нахуствазири Булғория як сагбача ба Путин, раисиҷумҳури Русия эҳдо кард ва баъд аз муддате, нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ низ саги дигаре ба Путин ҳадия дод.

Абдуллоҳ Гул, раисиҷумҳури собиқи Туркия дар соли 2014 дар сафҳаи “Твиттер”-аш акси ҳадияи Қурбонгули Бердимуҳаммадов ҳамтои туркманистониашро, ки як асб буд ба иштирок гузошт.

Image Caption

Мақомоти ҷопонӣ низ, ки соли 2012 як саги модаро ба Путин ҳадия дода буданд, дар соли 2015 як саги нар аз ҳамин нажодро ба раисиҷумҳури Русия, ҳадия доданд.

Image Caption

Мақомоти кишвари Молӣ ҳам соли 2012 барои ташаккур аз Франсуа Олланд, раисиҷумҳури пешини Фаронса дар муқобила бо гурӯҳҳои ифротӣ як шутур ба ӯ ҳадия доданд.

Франсуа Олланд ба далели шароити мутафовити обуҳавоӣ шутури эҳдоиро ба Фаронса набурд ва ба як хонавода дар Молӣ сипурд, аммо аъзои ин хонавода тарҷеҳ доданд шутурро забҳ карда ва аз гӯшти он, ғизоӣ маҳаллӣ ба номи “тоҷин” таҳия кунанд.

Image Caption

Раисиҷумҳури Қирғизистон соли гузашта, дар поёни яке аз дидорҳои расмиаш бо Путин як асби нари асилро ба расми меҳмоннавозии қирғизҳо ба ӯ ҳадия кард.

Image Caption

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия пас аз интихоби Доналд Трамп ба унвони раисиҷумҳури мунтахаби Амрико дар сол гузашта, як асби сафед аз бартарин нажоди асби русро ба баҳои 10 миллион доллар ба вай, эҳдо кард.

Авоили тирамоҳи 2017 ҳам Қурбонгули Бердимуҳаммадов дар ҳошияи дидори раисони ҷумҳури Русия ва Туркманистон дар чорчӯби нишасти кишварҳои муштаракулманофеъ дар шаҳри Сочии Русия, як саг аз танҳо нажоди олобои асилро ба Путин эъто кард.

Image Caption

Асби нари се солаи тарбият шуда дар истаблҳои салтанатии Англия, ки аз нажоди араби баҳрайнӣ аст, ҳадияҳое буд, ки маликаи Англия чанд моҳ пеш ба подшоҳи Баҳрайн ҳадия кард.

Image Caption

Путин низ дар соли 2016 дар ҳошия дидор бо подшоҳи Баҳрайн дар бандари Сочии Русия, як адад асби асили мусобиқа ба номи "ҳиҷибек" аз нажоди «охоктакка»-ро ба вай, ҳадия дод.

Image Caption

Охирин ҳайвоне ҳам, ки сиёсӣ шуд, яке аз асбҳои горди вижаи Фаронса буд, ки авосити моҳи гузашта, Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса барои ҷалби таваҷҷуҳи Си Ҷипин ҳамтои чиниаш ба вай эҳдо кард.

Image Caption

Австралияиҳо низ дар соли 2014 дар як ҳаракати ҳушмандона ва пеш аз нишасти раҳбарони ҷаҳон барои ҳузур дар маросими сарони “Гурӯҳи 20”, коала -яке аз машҳуртарин намодҳои худашонро меҳмони маросим карданд, то ба навъе дипломатияи коалаи худро оғоз карда бошанд.

Image Caption