Афзоиши омори нигаронкунандаи бехонаҳо дар Бритониё
Вазорати ҷавомеъ ва давлатҳои маҳаллии Бритониё дар тозатарин гузориши худ аз афзоиши омори афроди бехона дар ин кишвар барои ҳафтумин соли паёпай хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, бар асоси гузориши Вазорати ҷавомеъ ва давлатҳои маҳаллии Бритониё, ки рӯзи панҷшанбе мунташир шуд, дар соли 2017 4 ҳазору 751 нафар шабҳоро бидуни сарпаноҳ дар хиёбон рӯз мекарданд, ки ин рақам дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабли он 15 дарсад афзоиш ёфтааст.
Сухангӯи муассисаи хайрияи "Шелтер"-и Бритониё низ эълом кард, омори ироашуда аз сӯи давлат бо воқеиятҳои ҷомеа мутафовит аст ва бисёре аз афроде, ки дар хиёбон хоб мераванд, аз тарси ҷони худ шабҳо пинҳон мешаванд ва бад-ин тартиб онҳо зимни шумориши теъдоди бехонаҳо аз ҷониби давлат ҳисоб карда намешаванд. Ӯ афзуд, теъдоди афроде, ки шабҳо сарпаноҳе барои хоб надоранд, рӯ ба афзоиш аст ва садҳо ҳазор нафар дар паноҳгоҳҳои муваққат шабҳоро рӯз мекунанд.
Ниҳодҳои хайрияи дигар бо интиқод аз бетаваҷҷуҳии давлати Бритониё ба масъалаи бехонаҳо эълом карданд, сиёсатҳои иқтисодии сахтгиронаи давлат ва афзоиши молиёти хонаҳои давлатӣ зиндагиро барои қишри фақир дар ин кишвар душвортар кардааст.