Узрхоҳии дерҳангоми Трамп бинобар амали исломситезонааш дар “Твиттер”
(last modified Fri, 26 Jan 2018 15:49:59 GMT )
Январ 26, 2018 20:49 Asia/Dushanbe
  • Узрхоҳии дерҳангоми Трамп бинобар амали исломситезонааш дар “Твиттер”

Раисҷумҳури Амрико ба иллати бознашри видеоҳое бо муҳтавои исломситезона дар сафҳаи твиттерии худ саранҷом маҷбур ба узрхоҳӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико моҳи ноябри соли 2017 чанд видеои исломситезона аз як гурӯҳи ифротгарои бритониёиро дар “Твиттер” бознашр карда буд. Ин иқдоми Трамп бо интиқодҳои васее дар Бритониё рӯ ба рӯ шуд, ба тавре ки дафтари Тереза Мэй, нахуствазири Бритониё низ ин иқдомро “иштибоҳ” тавсиф кард.

Трамп рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо Пиерз Морган, гузоришгари бритониёӣ гуфт, ки ба иллати ин иқдом худ узрхоҳӣ мекунад. Морган дар ин мусоҳиба раисҷумҳури Амрикоро муттаҳам ба эҷоди хашму нооромӣ дар Бритониё карда афзуд, гурӯҳи «Биритониё аввал», ки видеоҳо марбут ба он буда, аз “иддае нажодпарасту фашист” ташкил шудааст. Трамп дар посух муддаӣ шуд, ки чизе дар бораи ин гурӯҳ намедонад, бинобар ин узрхоҳӣ мекунад.

Ин иддаои Трамп дар ҳолест, ки видеоҳои ёдшударо Ҷаида Фрэнн, муовини раиси гурӯҳи «Бритониё аввал» дар “Твиттер” мунташир кард ва ӯ касест, ки соли 2016 ба далели озори мазҳабии як зани мусалмон муҷрим шинохта шуда буд.